Новости
Намоишгоҳи гулу растании “Некӣ бикор” дар Фестивали наврӯзӣ
4-уми апрели соли 2026 аз соати 15:00 то 22:00 дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”намоишгоҳи бузурги гулу растанӣ “Некӣ бикор” баргузор гардид. Соли 4-ум аст, ки намоишгоҳ барпо мешавад ва имсол бо чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Фестивали Наврузӣ рост омад. Дар он зиёда аз 60 гулпарвару ҳунарманд ва мутахассисон оид ба гулу растанӣ, соҳибкорони соҳа ширкат варзида, доир ба парвариш ва нигоҳубини гулу растанӣ, пору ва ғизо барои растанӣ тавсияҳои муфидро аз гулпарварон дастрас намуданд.
Мубодилаи таҷриба байни коршиносон ва тиҷорати муштараки онҳо дар самтҳои номбаршуда аз мақсадҳои намоишгоҳ буд.
Дар хотима барномаи рангини фарҳангӣ барои беш аз 15 ҳазор бинанда хотири бинандагонро шод гардонданд. Намоишҳои зебову идона ва тақдими туҳфаҳои шоиста ҳамроҳ бо озмунҳо ба базми наврӯзӣ шукӯҳи бештаре бахшид.