Новости
Сафари ройгони сокинони пойтахт дар доираи лоиҳаи «Нақлиёти ройгон»
Дар моҳи мубораки Рамазон дастгириву накӯкорӣ ва анҷом додани дигар амалҳои неки инсонӣ аз ҳадафҳои асосии Фонди хайриявии “Музаффар” мебошад. Вобаста ба ин Фонд лоиҳаи «Нақлиёти ройгон»- ро ба роҳ монд, ки он аз соли 2021 амалӣ шудааст. Имсол дар моҳи Рамазон ин лоиҳа дубора ба роҳ монда шуда, чор маротиба баргузор гардид. Дар рӯзҳои ҷумъа сокинони пойтахт имкон пайдо карданд, ки бо хатсайри 54 ва 2 ройгон сафар кунанд. Лоиҳаи мазкур асосан дар моҳи шарифи Рамазон амалӣ карда мешавад. Имсол беш аз 4000 нафар аз нақлиёти ройгон истифода кардаанд