Новости
Иқдоми ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Шоҳмансур ва МТМУ №5
Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» Фонди хайриявии «Музаффар» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар минтақаҳои гуногуни кишвар 21 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шинонанд. Иқдоми ниҳолшинонӣ аз яке аз самтҳои фаъолияти экологӣ ва ҳифзи муҳити зистии Фонди хайриявии «Музаффар» буда, он дар доираи лоиҳаи «Кабудзоркунӣ», ки яке аз лоиҳаҳои муҳими Фонд мебошад, амалӣ карда мешавад.
Фонди хайриявии "Музаффар" аз солҳои аввали таъсисёбиаш, яъне аз соли 2015 то имрӯз ҳамасола маъракаҳои ниҳолшинонӣ доир намуда, то соли 2025-ум 21 ҳазор бех ниҳол дар минтақаҳои гуногуни кишвар шинондааст. Имсол тасмим гирифтааст, ки боз беш аз 21 ҳазор дигар дарахт шинонад. Аз ин шумора 5 ҳазор дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва 6 ҳазор дар шаҳрҳои Исфара, Хуҷанд, Конибодом, Гулистон ва Бустони вилояти Суғд то ҳол шинонда шуда, инчунин шинонидани 10 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ дар ноҳияи Данғара ба нақша гирифта шудааст. Дар ин иқдоми нек беш аз 1500 нафар волонтёрон ҷалб гардиданд